НАШРИ НАФАҲОТ ВА ТАБЛИҒ (#15665)

Илоҳо, Маъбудо, Мақсудо, Каримо, Раҳимо! Ҷонҳо аз Ту ва иқтидорҳо дар қабзаи қудрати   Ту.   Ҳар   киро   баланд   кунӣ аз малак бигзарад, ва ба мақоми “Ва рафъаноҳу маконан алиян” расад, ва ҳар киро бияндозӣ, аз хок пасттар, балки ҳеҷ аз у беҳтар. Парвардигоро! Бо табоҳкорӣ ва гунаҳкорӣ ва адами парҳезкорӣ, мақъади сидқ металабем ва лиқои Малики Муқтадир меҷуем. Амр, амри Туст ва ҳукм они Ту, ва олами қудрат зери фармони Ту. Ҳар чӣ кунӣ адли сирф аст, бил фазли маҳз. Як таҷаллӣ аз таҷаллиёти Исми Раҳмонат расми исёнро аз ҷаҳон барандозад ва маҳв намояд.  Ва як насим аз насоими Явми Зуҳурат оламро ба хилъати тоза музайян фармояд. Эй Тавоно, нотавононро тавоноӣ бахш ва мурдагонро зиндагӣ ато фармо. Шояд Туро биёбанд, ва ба дарёи огоҳият роҳ ёбанд ва бар Амрат мустақим монанд. Агар аз луғоти мухталифаи олам арфи санои Ту мутазаввеъ шавад, ҳама маҳбуби ҷон ва мақсуди равон. Чӣ тозӣ, чӣ форсӣ, агар аз он маҳрум монад қобили зикр на, чӣ алфоз, чӣ маъонӣ. Эй Парвардигор, аз Ту металабем, куллро роҳнамоӣ ва ҳидоят фармоӣ. Туӣ Қодир ва Тавоно ва Олим ва Бино.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

НАШРИ НАФАҲОТ ВА ТАБЛИҒ (#15666)

Парвардигоро, Меҳрабоно, Подшаҳо, Додрасо! Ҳамд ва сано ва шукр ва баҳо Туро сазост, ки ганҷи шиносоиро дар дил ва димоъ гузордӣ ва латифаи вуҷудро аз об ва гил барангехтӣ. Туӣ Тавоное, ки қувват ва шавкати ибод Туро заиф нанамуд ва лашкари ғафлат ва аскари ғурур ва сарват Туро аз ирода боз надошт дар ҳине, ки сиҳоми зағина ва бағзо аз ҷамиъи ҷиҳот тайёр, ба истиқомати тамом қоим, ва ба моянбағӣ қоил. Зулми фароина Туро аз гуфтор манъ накард ва қаҳри ҷабобира аз иродаи ғолиба манъ насохт. Эй Парвардигор, дастуронро роҳ намо ва ба ҷунуди доноӣ ва илми мадад бахш. Шояд ибоди Туро ба роҳи рост ва хабари бузург башорат диҳанд ва фоиз намоянд. Эй Карим, нурат сотеъ ва амрат ғолиб ва ҳукмат нофиз. Авлиёатро аз дарёи бахшишат маҳрум масоз, ва аз барои ҳар як, аз қалами иноят он чӣ барои алявм сазовори фазли Туст, марқум намо ва муқаддар фармо. Туӣ Тавоно ва Туӣ Доно ва Бино. Эй Парвардигор! Дастуронро огоҳ намо, то бо огоҳии худ ғофилинро огоҳ намоянд ва гумроҳонро ба роҳ оранд, то кулл дар зилли қибоби азамат ва сидраи раҳмат ҷамъ шаванд ва бишнаванд он чиро, ки қувваи сомеъа аз барои он ба зуҳур омада, ва мушоҳида намоянд он чиро, ки қувваи босира аз барои он мавҷуд гашта. Амр амри Ту, ва ҷонҳо қурбони Ту.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

НАШРИ НАФАҲОТ ВА ТАБЛИҒ (#15667)

*Дар мақоми муноҷот ва ибтиҳол бо Ғании Мутаъол ба ин калима нотиқ шав:
Ё Маҳбубӣ, ва Мақсудӣ, ва Ғояти Омоли! Мушоҳида менамоӣ ин абди фониро, ки ба Ту таваҷҷуҳ намуд, ва кавсари боқӣ талабида. Иноят фармо он чӣ сазовори бузургии Туст ва лоиқи айёми Ту. Суол мекунам Туро ба Исми Аъзам, ки ҳуҷаботи ибодро харқ намоӣ, ва боби раҳматро барояшон бинамоӣ ва бикушоӣ, ноиминро ба яди шафқат ва лутф бедор намоӣ, ва ғофилинро ба нидои базми латиф огоҳ созӣ то кулл ба Ту таваҷҷуҳ кунанд ва ба Ту иқбол намоянд. Эй Раббӣ, ло таҳримҳум ан фуюзоти саҳоби раҳматика ва насоими раббиил фазли фи айёмик. Ашҳаду анна раҳматика сабиқатил коинот ва иноятика аҳотат ман фил аразин вал самовот. Ло Илоҳа илло Антал Ғафурул.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

НАШРИ НАФАҲОТ ВА ТАБЛИҒ (#15668)

Илоҳо, Маъбудо, Малико, Маликал Мулуко! Аз Ту металабам тайид фармоӣ ва тавфиқ ато кунӣ, то ба он чӣ сазовори айёми Туст амал намоям, ва қобили ҷуд ва карами Туст, машғул гардам. Эй Карим, ғофилонро ба баҳри огоҳӣ роҳ намо ва канизонатро ба анвори Исмат мунаввар фармо ва ба аъмоли таъйибаи тоҳира, ва ахлоқи марзия муайяд дор. Лакал ҳамду вас сано ва лакал фазлу вал ато. Ин намлаи фонияро ба суродиқи ирфонат роҳ намудӣ ва дар зилли Хибоъи маҷдат маъво додӣ. Туӣ Бахшанда ва Тавоно, ва Доно ва Бино.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

